Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия дар наздикии Киев танкҳои "аврупоӣ"-ро нобуд кард

Дар давоми 24 соати гузашта нерӯҳои дифои ҳавоии Русия як нақлиёти низомии Украина мунҳадим ва 10 ҳавопаймои бидуни сарнишинро низ сарнагун карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Нерӯҳои ҳавоии Русия танкҳои Т- 72 -ро дар канори Киев, ки аз Аврупо оварда шуданд, нобуд карданд. Дар ин бора, сухангӯи Вазорати дифои Русия Игор Конашенков хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, зиреҳпӯшҳо дар бинои корхонаи таъмири мошинҳо буданд. Ба он мушакҳои дурпарвоз сар дода шуданд.
Генерал зимни брифинги ҳаррӯза гуфт, ки дар вилояти Одесса системаҳои дифои ҳавоии Русия як ҳавопаймои Ан-26-и украиниро, ки дар дохили он силоҳ ва таҷҳизоти мухталифи низомӣ мавҷуд буд, нобуд карданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои ҳавоии Русия як ҳавопаймои украиниро сарнагун карданд
Илова бар ин, ду мушаки тактикии "Точка-У" дар маҳаллаи Новогеоргиевкаи вилояти Николаев ва се снаряди украинии системаи "Ураган" дар маҳалҳои аҳолинишини Каменка, Долгенкое ва Каменка, Харков безарар карда шуданд.
Ҳавопаймоҳои Русия дар як ҷанги ҳавоӣ дар наздикии Славянск як ҷангандаи МиГ-29-и украиниро сарнагун карданд. Он ҳамчунин ба се нуқтаи фармондеҳӣ, се анбори муҳимоти ҷангӣ ва коргоҳҳое, ки таҷҳизоти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро таъмир мекарданд, зарба зад.
Ҳамчунин қувваҳои мусаллаҳи Русия,46 пости фармондиҳии Украина, 123 тӯпхона, 498 минтақаи тамаркузи қувваи кор ва техникаро несту нобуд карданд.