ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазорати беҳдошти Эрон дар паёме эълом кардааст, ки пас аз ду солу 100 рӯз мубориза бо коронавирус Эрон нахустин рӯзи бедуни фавти аз ин бемориро таҷруба кард, иттилоъ додааст хабаргузории Садо ва Симои ин кишвар.
“Пас аз ду солу 100 рӯз муқобилаи миллати қудратманди Эрон бо корона ва дар ҳоле, ки дар Амрико ва Аврупо омори талафоти зиёд гузориш мешавад, Эрон нахустин рӯзи бедуни фавтии коронаро таҷруба кард ин муваффақиятро ба Раҳбари инқилоб ва миллати Эрон табрик мегуем ва бар руҳи баланди шаҳидони мудофеъи саломат дуруд мефиристам бо риъояти тавсияҳои беҳдоштӣ ин нисобро то ҷашни поёни корона ҳифз кунем”, - таъкид доштааст вазорат.
Тибқи омори ахир теъдоди ҷонбохтагони ин бемори дар Эрон ба 141 ҳазору 96 нафар расид.
Дар ҳамин ҳол, маҷмуъи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 7 миллион 22 ҳазору 308 нафар расид.
Вазорати беҳдошту дармони Эрон дар иттилоъияи афзуд: То кунун 6 миллиону 986 ҳазору 516 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо тархис шуданд.
Бар асоси омори расмии кишварҳо вируси корона то кунун беш аз 513 миллиону 379 ҳазор нафарро дар дунё мубтало кард ва беш аз 6 миллиону 260 ҳазор нафар низ бар асари бемории Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд.