ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазири беҳдошти Қирғизистон Алимқодир Бейшеналиев бо се муовинаш аз вазифаҳои худ барканор шуданд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон ва хадамоти матбуотии девони вазирон, хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки фармони дахлдорро Содир Ҷабборов бо мақсади таъмини баррасии ҳамаҷониба ва одилонаи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Бейшеналиев имзо кардааст.
Дар баробари ин сарвазири кишвар, се муовини вазирро, ки қаблан аз ӯ шикоят карда буданд, барканор кард.
Сарвазир Оқилбек Ҷабборов се муовини вазири тандурустиро аз мақом барканор ва ба ин мақом шахсони навро таъин кард.
Ҳамин тавр, Ҷабборқул Тошиев, Улуғ-бек Бектурганов, Ҷалолиддин Раҳматуллоев аз вазифаи муовинони вазири тандурустӣ барканор шуданд ва: Улан Содиқов, Жарқинбек Қосимбеков, Бобоҷон Арикбоева (дар баробари ин ӯ сардухтури давлатии санитарй таъин шуд) ба ҷойи онҳо таъйин шуданд.
Ёдрас мешавем, ки Вазорати вазорати тандурустии Қирғизистон Алимқодир Бейшеналиев бо гумони даст доштан дар фасод боздошт шуд.
Вазир дар харидории аз ҳад зиёди ваксина бо вуҷуди кофӣ будани он дар кишвар мутаҳҳам мешавад. Ӯ аз ширкатҳои хусусии хориҷӣ 2 миллион 460 ҳазор воя ваксина ба маблағи 1 миллиарду 581 миллиону 474 ҳазору 315 харидааст.
Ҳамин тариқ, Вазорати тандурустӣ бо роҳбарии вазир ба давлат як миллиарду 581 миллион сом зарар ворид намудааст.
Феълан, аз рӯи ин далел аз ҷониби кормандони милитсия парванда боз шудааст. илова бар ин, алайҳи вазири тандурустӣ ва мансабдорон боз 5 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.