Аз борону чангу ғубор то резиши барф дар ВМКБ: дамои ҳавои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, шамол дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Обуҳавошиносон дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқро пешгӯӣ мекунанд.
Ба иттилои Агентии ҳавосанҷии кишвар, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон (дар шарқии вилоят шабона бориши сусти барф) ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+3, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Июни тафсон: ҳавошиносон гуфтанд, ки тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна оғоз мешавад
Хатлониёнро ҳавои камабру бебориш мунтазир буда, дар минтақа шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.