ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Сокини 46-солаи шаҳри Турсунзода дар қаллобӣ ва гирифтани маблағи калон аз ҳамшаҳрияш муттаҳам мешавад, иттилоъ додааст Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ба идораи милиса дар шаҳри Турсунзода марди 56-сола муроҷиат карда арз доштааст, ки ҳанӯз моҳи майи соли 2020 марди 46-сола ба бовараш даромада, аз ӯ 120 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки ба ивази ин миқдор маблағ муттаҳам ба ӯ ваъда додааст, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонов ба масоҳати 0,08 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ медиҳад.
"Аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар зимни гузориш ба Маҷлиси миллӣ гуфта буд, заминфурӯшӣ дар навоҳии кишвар хусусияти оммавӣ касб кардааст.
Вай зикр намуд, ки тайи як соли охир 1331 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо ошкор шудаанд, ки 1082 ададашон вобаста ба замин мебошанд.
Дар феҳрасти онҳое, ки барои заминфурӯшӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, 52 нафар корманди Корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 49 нафар аз кумитаҳои идораи замин, 46 нафар аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, 41 нафар аз раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 16 нафар аз кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва 5 нафар аз меъморон зикр шудаанд.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар пайи ҳисоботи Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ барои мубориза бо заминфурӯшӣ дастур дод. Аз ҷумла додистони кулли кишвар муваззаф шуд, ки ҳар 6 моҳ ба палатаи болоии парлумони кишвар ҳисобот ироа намояд.