Шӯрои амнияти Русия аз талошҳои Ғарб барои тахриби равобити кишварҳои ИДМ гуфт

Дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, кишвараш кӯшишҳои Ғарбро барои шикастани робитаҳои кишварҳои Ииттиҳоди Давлатҳои Мустақил пайгирӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Шӯрои амнияти Русия кӯшишҳои Ғарбро барои шикастани робитаҳои ИДМ, ки дар тӯли садсолаҳо байни халқҳо инкишоф ёфтаанд, бодиққат пайгирӣ мекунад, гуфт котиби ин шӯро Николай Патрушев.
Ӯ гуфт, ин корро бо роҳи зиёд кардани фишор ба давлатҳои ИДМ пиёда карданиянд, аммо Ғарб дар айни замон намехоҳад робитаҳояш бо ин кишварҳоро қатъ кунад, балки самтҳои ҳамкории мутақобилан судмандро бо ин ҷумҳуриҳо муайян мекунад.
Ӯ дар мусоҳибааш бо нашрияи "Коммерсантъ" ба муносибати 30-солагии таъсиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, аврупо мехоҳад ғалабаву бурд ва таърихи муштараки моро таҳриф кунад.
Патрушев: ИМА низоъ байни Русия ва Украинаро ба ҳадафҳои худ истифода мебарад
Дар давоми се даҳсолаи ахир Ғарб ба хотири нигоҳ доштани гегемонияи ҷаҳонӣ бештар ба таҳрики ташаннуҷҳои байнидавлатӣ ва низоъҳо даст задааст, изҳор дошт Патрушев.
Барҳам додани системаи назорати яроқу аслиҳа давом дошта, ташаннуҷи вазъияти ҳарбию сиёсӣ дар ҷаҳон ва наздикии сарҳадҳои Русия меафзояд.
Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни он роҳеро пеша карданд, ки сохтори аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътирофшудаи амниятро нест ва қонуни байналмилалиро бо як навъ "тартиботи қоидаҳо" бидуни ба назар гирифтани манфиатҳои дигарон иваз мекунанд, гуфт Патрушев.
Ғарб стратегияи дарозмуддати худ барои нигоҳ доштан ва заиф кардани Русияро пеш мебарад - стратегияи поймол кардани принсипҳои соҳибихтиёрӣ, прагматизм, бисёрсамтӣ ва пешгӯишаванда, илова намуд Патрушев.
Пас аз Украина НАТО кишварҳои Каронаи Балтикаро ба кура меандозад
"Хоҳиши Русия дар ҷиҳати эҷоди амнияти баробар ва тақсимнашаванда барои ҳамаи шарикони мо аз аксари кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, Африқо ва Амрикои Лотинӣ садо медиҳад. Ҳамзамон мо равобит бо ҳамкасбони ғарбии худро қатъ намекунем ва ҷустуҷӯро барои ҳалли созиш ва муайян кардани самтҳое, ки дар онҳо ҳамкории мутақобилан судманд имконпазир аст, идома медиҳем”, - гуфт Патрушев.
Патрушев гуфт, мо бо Шӯрои амнияти миллии ИМА муколама доштем ва дар ҷараёни он ба Вашингтон қотеона изҳор кардем, ки ба убури "хатти сурх" ва эҷоди таҳдид ба амнияти миллии Русия иҷоза намедиҳем.