Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Коршинос гуфт, кӣ метавонад даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳал кунад

Коршинос гуфт, дар ҳалли масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз 30 сол боз идома дорад, Маскав ва СПАД метавонанд кумак кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Маскав ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ метавонанд дар рафъи ихтилофот миёни Қирғизистону Тоҷикистон кумак кунанд.
Чунин андешаро Никита Мендкович, сиёсатшинос, роҳбари бошгоҳи таҳлилии "АвруОсиё" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Ба гуфти ӯ, танҳо пурра муайян кардани хатти марз байни ду давлат метавонад ба даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нуқта гузорад. Ӯ ёдовар шуд, ки хатти марз ҳанӯз аз замони шӯравӣ инҷониб аломатгузорӣ нашудааст, ки албатта, сабаби ихтилофот мешавад.
Ӯ сабаби дигари даргириҳо дар марзро қочоқи маводи мухаддир ва бозиҳои мафияҳо гуфт.
"Қочоқи маводи мухаддир дар марз хеле шадид буда, зиддиятҳои мавҷударо гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки ба қчоқи маводи мухаддир машғуланд, барои ноором кардани вазъ ва бозиҳои худ истифода мебаранд", - гуфт ӯ.
Коршинос бовар дорад, ки Маскав ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ метавонанд дар рафъи ихтилофот миёни Қирғиизстону Тоҷикистон кумак кунанд.

"Барои ҳарчи зудтар ҳал кардани буҳрон, ман бовар дорам, ки кумаки Русия ва СПАД ҳам ба ҳайси модератор ва ҳам тавассути фиристодани нозирони низомӣ ба минтақаи низоъ хеле муфид хоҳад буд", - бовар дорад коршинос.

Дар баробари ин Мендкович таъкид менамояд, ки ҳарчанд дар ҷомеаи Қирғизистон ба чунин тадбирҳо тақозо вуҷуд дорад, аммо мақомот ба ин манфиатдор нестанд.
"Ман дар як баҳси оммавӣ бо дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов ширкат кардам. Ӯ гуфт, ки ҳама масъалаҳо бо Тоҷикистон мустақилона ҳал мешаванд, Қирғизистон дар ин масъала на ба кумаки СПАД ва на ба кумаки Русия ниёз надорад. Мутаассифона, мебинем, ки бо вуҷуди пешгӯии ӯ вазъ дар марз тезутунд шудааст", - гуфт Мендкович.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Захмӣ шудани як марзбони тоҷик бар асари тирпарронӣ дар сарҳад бо Қирғизистон
Коршинос хулоса кард, ки дар чунин ҳолат Маскав танҳо метавонад ҳодисотро мушоҳида кунад ва ҷонибҳоро ба ҳалли ҳарчи зудтари ин масъала давъат намояд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 3 июн дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ рух дод. Он тақрибан ду соат давом кард.
Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷониби Қирғизистон дар бораи тирпарронӣ дар минтақаи Булоқ-Бошӣ хабар дода буд, ки он дар наздикии ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ин кишвар чун ҳолатҳои қаблӣ дар оғози тирпарронӣ марзбонҳои тоҷикро муттаҳам кард.
Дар навбати худ сокинони маҳаллӣ дар ҷамоати Тоҷикистон Ворух ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар наздикии рустои Офтобрӯй оғоз шудааст. Ба гуфтаи онҳо, иллати даргириҳо, баръакс убури марзбонони қирғиз ба қаламрави Тоҷикистон будааст.
Ҷароҳати ду марзбони қирғиз дар даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Маврид ба зикр аст, Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.