ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари расмии ду рӯза дар Ӯзбекистон, ба Душанбе парвоз кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Манбаъ зикр карда, ки дар вохӯриҳои сатҳи олӣ, ки дар Тошканд баргузор шуд, як қатор тавофуқҳои муҳим ба даст омада, қарори таърихӣ дар бораи ба сатҳи иттифоқӣ расонидани муносибатҳои дуҷониба қабул гардид.
Дар ин сафар – Эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо шуд.
Ба иттилои раисҷумҳури Тоҷикистон, дар 3 соли ахир миёни ҷумҳуриҳо ҳудуди 100 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шудааст. Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҳамчунон самти афзалиятнок боқӣ мемонад.
Дар доираи ин сафар байни ду ҷониб аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ва дар ҳошияи Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон 75 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорону тоҷирон ба имзо расид, ки маблағи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Раҳмон баргузории форуми минтақаҳои ду ҷумҳуриро дар нимаи дуюми соли 2022 эълон кард. Чорабиниро сарвазирон роҳбарӣ мекунанд.
Ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи энергетика рушд мекунанд. Кишвардорон ба сохтмони лоиҳаи муштараки бунёди ду нерӯгоҳи барқи обии дорои иқтидори умумии 320 мегаватт дар рӯдхонаи Зарафшони Тоҷикистон, оғоз бахшиданд.
Дар соҳаи нақлиёт роҳандозии ҳаракати қатори мусофирбар байни кишварҳо қадами муҳим арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки ҳамарӯза ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро убур мекунанд.
Раҳбарони кишварҳо ба масоили илму фарҳанг ва ҳунару санъат, ки халқҳои ду ҷониб муштаракоти зич доранд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардаанд.
Амният як мавзуи муҳими музокирот буд. Раҳмон ва Мирзиёев омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар ин замина, бахусус дар масъалаи Афғонистон таъйид карданд.