ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Созмони Милали Муттаҳид дархости Туркияро дар бораи тағйир додани номи ҷумҳурӣ ба забонҳои хориҷӣ дар ҳуҷҷатҳои расмӣ қонеъ кард. Дар ин бора Стефан Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба РИА "Новости" хабар дод.
"Republic of Turkey" (Ҷумҳурии Туркия) ба "Republic of Türkiye" тағйири ном кард", - изҳор дошт Дюжаррик.
Ба гуфтаи ӯ, ин тағйирот дарҳол пас аз муроҷиати мақомоти Туркия эътибор пайдо кард.
Акнун шакли расмии ин кишвар Türkiye аст, на Turkey.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи СММ гуфт, ҷойгоҳи Туркия аз рӯйи тартиби алифбо тағйир нахоҳад ёфт.
Тавре Мавлуд Човушуғлӯ, вазири умури хориҷии Туркия тавзеҳ дод, тағйирот дар имлои номи Туркия дар чаҳорчӯби иқдомоти Анкара ба ҳадафи "баланд бардоштани эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ" қабул шудааст.