ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Тоҷикистон содироти нерӯи барқ аз нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба Ӯзбекистонро оғоз мекунад. Дар ин бора "Repost.uz" бо такя ба Вазорати энергетикаи кишвари ҳамсоя менависад.
Дар ин бора намояндагони ҳар ду ҷумҳурӣ аллакай меморандуми дахлдор имзо кардаанд.
Ҳоло Тоҷикистон сари бунёду роҳандозии ҳамаи чархаҳои НБО "Роғун" кор мекунад.
Содироти нерӯи барқ шартан аз тобистон оғоз мешавад. Созишномаи ниҳоӣ оид ба таъминот, ҳаҷм ва тарифҳо то охири соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Созишнома метавонад барои 10 сол баста шавад.
Ёдовар мешавем, ки НБО-и "Роғун" бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии кишвар аст. Он дар 110-километрии шарқи Душанбе ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии он 13,1 миллиард киловатт-соат дар як сол аст.
Баландии пешбинишудаи сарбанд 330 метр, ҳаҷми обанбор 13,3 миллиард метри мукааб мебошад.
Моҳи ноябри соли 2018 чархаи якуми неругоҳи барқи обии "Роғун" ва дуюмаш сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.
Дар авоили соли 2022 мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд, ки қасд доранд, дар нерӯгоҳи барқи обӣ 2,5 миллиард сомонӣ (ҳудуди 221 миллион доллар) сармоягузорӣ кунанд. Ин дар муқоиса бо соли 2021 тақрибан 10% афзоиш ёфтааст.