Раҳмонро дар фурудгоҳи Тошканд Мирзиёев истиқбол гирифт

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд кишвардори Тоҷикистонро ҳамтои ӯзбекаш пешвоз гирифт. Раисҷумҳурон дар майдони фурудгоҳ суҳбати кутоҳ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев истиқбол гирифт.
Дар ин бора котиботи президенти Ӯзбекистон бо нашр намудани чанд акс аз лаҳзаи пешвозгирии Эмомалӣ Раҳмон аз сӯйи Шавкат Мирзиёев хабар дод.
Дар фурудгоҳи Ӯзбекистон ба ифтихори кишвардори Тоҷикистон парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, ҳамчунин Горди фахрии ин кишвар саф оростааст.
Манбаъ меафзояд, раисҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз фурудгоҳ рост ба боғи "Янги Ӯзбекистон" рафтанд ва бар пояи муҷассамаи "Истиқлол" гул гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат рӯзи 2 июн бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.
Котиботи президент хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Душанбе Рустами Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Раҳмон ба Ӯзбекистон рафт: киҳоро бо худ бурд
Ҳамчунин дар ин сафар роҳбари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳамчунин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон раиси Бонки миллӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ба Ӯзбекистон сафар намудаанд.
Гуфта мешавад, дар ин сафар раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ роҳбари давлатро ҳамроҳӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки ин сафари кишвардор бо даъвати раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сурат гирифтааст.