Кӯдакҳои миллипӯш, горди фахрӣ ва Мирзиёев: пешвози Раҳмон дар Тошканд - акс

Сафари расмии дурӯзаи президенти Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд аз маросими бошукӯҳи истиқбол бо ҳузури роҳбари кишвари мизбон оғоз шуд
Sputnik
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Тошканд ҳамтои ӯзбекаш, Шавкат Мирзиёев, кӯдакон бо либоси миллӣ ва Горди фахрии кишвари мизбон пешвоз гирифтанд.
1 / 14

Ҳавопаймо бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, пеш аз зуҳри 2 июн дар фурудгоҳи Тошканд фуруд омад.

2 / 14

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, ба истиқболи ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон баромад.

3 / 14

Дар фурудгоҳ раисҷумҳури Тоҷикистонро кӯдакон бо либосҳои миллии тоҷикону ӯзбекон пешвоз гирифтанд.

4 / 14

Кӯдакон дар васфи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон шеър хонданд.

5 / 14

Онҳо ба бар чакану атлас ва тоқиҳои миллии тоҷикону ӯзбекон доштанд.

6 / 14

Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо пешвозиграндаҳои хурдсол акси хотиравӣ гирифтанд.

7 / 14

Дар фурудгоҳ барои меҳмон роҳрави қолинии сабз густурда шуда, дар ду канори он Горди фахрӣ саф ороста буданд.

8 / 14

Сарбозони Горди фахрӣ дар маросими истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Тошкнад

9 / 14

Маросими истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Тошканд бо иштироки горди фахрӣ

10 / 14

Майдони фурудгоҳи Тошканд бо парчамҳои давлатии ҳарду кишвар, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстӣ оро ёфта буд

11 / 14

Раисҷумҳури Тоҷикистон сипас ба Боғи Янги Ӯзбекистон роҳсипор шуд.

12 / 14

Дар боғи "Янги Ӯзбекистон" Эмомалӣ Раҳмон, ба пояи муҷассамаи Истиқлол гулчанбар гузошт.

13 / 14

Дар пайи гулчанбаргузорӣ Эмомалӣ Раҳмон бо бархе нозукиҳои меъмории маҷмааи Истиқлоли Ӯзбекистон шинос шуд.

14 / 14

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар фазои дӯстӣ оғоз гардид.

Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд президенти Ӯзбекистон хайрамақдам гуфт. Дар фурудгоҳи Ӯзбекистон ба ифтихори кишвардори Тоҷикистон, парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, ҳамчунин Горди фахрии ин кишвар саф орост.
Манбаъ меафзояд, раисҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз фурудгоҳ ба боғи "Янги Ӯзбекистон" рафтанд ва бар пояи муҷассамаи "Истиқлол" гул гузоштанд.
Интизор меравад, ки сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ӯзбекистон 2 рӯз идома ёбад.
Азми Душанбею Тошканд барои то 1 млрд доллар расондани савдо
Дар ин сафар роҳбари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳамчунин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон раиси Бонки миллӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон", раиси Иттифоқи "Тоҷикматлубот" сафар намудаанд.
Гуфта мешавад, дар ин сафар раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ роҳбари давлатро ҳамроҳӣ менамояд.
Ин сафари кишвардор бо даъвати раисҷумҳури Ӯзбекистон сурат гирифтааст.