ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон феълан имкони озоди рафтуомад миёни ду кишварро доранд.
Ин нуқта дар мулоқоту музокироти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои ӯзбекистонияш Шавкат Мирзиёев таъкид гардидааст.
"Бо талошҳои муштарак рафтуомади озоди молу хизматрасонӣ таъмин гардид ва шаҳрвандон имкони озоди рафту омад бо якдигар доранд", - омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир то 20 ҳазор нафар сокинони ду кишвар ҳамарӯза бо ҳадафи равобити тиҷорию гардишгарӣ ва дидани хешу табор ва дӯстон аз марзи миёни кишварҳо озодона убур мекунанд.
Ин яке аз комёбиҳои асосии ҳамкории ҳукуматҳо дар солҳои охир мебошад, изҳор доштаанд Раҳмон ва Мирзиёев.
Дар мулоқот ҳамчунин зикр шудаст, ки тайи 6 сол ҷонибҳо ба пешрафти калон дар ҳамаи бахшҳои ҳамкорӣ ноил гардиданд. Мунтазам табодулҳо миёни ҳукумат, вазорату идораҳо ва минтақаҳои ду кишвар сурат мегиранд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва ҳамоиши тиҷоратии ширкатҳои тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, онҳоро омили муҳими густариши робитаҳои тиҷоратӣ номиданд.
Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар беш аз 600 млн доллари амрикоиро ташкил дода, дар шаш соли охир 40 маротиба боло рафтааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии тавофуқоти қаблан бадастомада, солҳои наздик ҳаҷми гардиши молро то ба 1 млрд доллар расонанд.