Матвиенко: Русия Украинаро ба музокирот маҷбур намекунад

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, кишвараш ҷониби Украинаро барои нишастан сари мизи музокирот маҷбур нахоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Русия Украинаро ба музокира водор намекунад, хабар медиҳад РИА "Новости" аз қавли раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко.
Ӯ гуфт, шояд Украина аз назорати мутлақи беруна раҳо шавад ва баъдан музокирот бо шартҳоеро, ки Федератсияи Русия муқаррар кардааст, имконпазир донад.
"Музокирот танҳо дар асоси шартҳои мо имконпазир аст. Омодагӣ ба гуфтушунид маънои онро надорад, ки мо Украинаро маҷбур мекунем. Шояд онҳо аз назорати мутлақи беруна раҳо шаванд ва дарк кунанд, ки ба чӣ ҳодиса оварда расонданд", - гуфт Матвиенко.
Ба таъкиди раиси Шӯрои Федератсия, музокирот танҳо дар сурати қабули шартҳои Русия имконпазир аст.
Маврид ба зикр аст, ки даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд. Аз ин пеш Беларус чанд бор мизбони гуфтушунидҳо миёни намояндагони Русия ва Украина гардида буд.
Кремл вохӯрии Путин бо Зеленскийро рад накард
То ҳол музокиротҳои доиршуда натиҷа надоданд. Танҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои берун овардани мардуми осоишта долони башардӯстона таъсис диҳанд.
Русия 24 феврал Русия дар Украина амалиёти низомӣ оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.