Мақомот сабаби сӯхтори бозори "Фаровон"-ро муайян кардаанд

Сӯхтор дар бозори "Фаровон-Қӯрғонтеппа"-и шаҳри Бохтар масоҳати беш аз 1200 метри мураббаъро фаро гирифта, хисороти зиёди молӣ расондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Мақомот сабаби сӯхтор дар бозори "Фаровон-Қӯрғонтеппа"-ро расиши кӯтоӽи ноқилӽо дар яке аз ошхонаӽои бозори мазкур мегӯянд.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо такя ба таҳқиқоти пешакӣ хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, таӽқиқи пурраи сухтори мазкур аз ҷониби гурӯӽи корӣ мавриди санҷиш қарор дорад.
Таъкид шудааст, ки аз оташсӯзӣ дар бозор соати 22:25 дақиқаи шаби 1 июн ба мақомоти оташнишонии вилояти Хатлон хабар расида буд.
"Дар баробари гирифтани хабар фавран ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор ҳайати шахсии хадамоти давлатии оташнишонӣ бо теъдоди 148 нафар ва 28 адад нақлиёти оташнишонӣ сафарбар карда шуданд", - омадааст дар иттилоия.
ВУД сабаб ва зарари сӯхтор дар бозори Хоруғро муайян кард
Манбаъ афзуд, ки ҳангоми расидани оташнишонҳо ба маҳалли ҳодиса масоҳати 1200 метри мураббаъ мағозаҳову растаҳо ва соябонҳоро оташ фаро гирифта, хавфи паҳншавӣ ба қисматҳои дигари бозор ба миён омада буд.
Сухтор дар соати 01:57 дақиқаи 02-юми июни соли 2022 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд, иттилоъ доданд мақомоти оташнишонӣ.
Қаблан аз Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки шабона бо дарди фишорбаландӣ ва ҷароҳатҳои гуногун беш аз 12 нафар ба беморхона мунтақил шуданд, ки ба ҷуз аз як тан ҳама рухсат шуданд. Инҳо умдатан коргарон ва фурӯшандагони бозор будаанд, ки талоши наҷоти молашонро кардаанд ва сӯхтаву захмҳои гуногун бардоштаанд.
Ба иттилои манбаъ, танҳо Маҳмад Сафаров, сокини шаҳри Бохтар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ӯ зимни таркиши баллони газ дар яке аз ошхонаҳои дохили бозор захм бардоштааст.