ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дуторнавози тоҷик Севара Шарипова дар озмуни бонуфузи байналмилалии "Бозторғай" дар Қазоқистон доваронро тасхир кард.
Духтари тоҷик дар озмуни байналмилалии эҷодиёти бачагонаи "Бозторғай", ки бо ширкати 700 нафар аз наврасони лаёқатманд аз 6 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, якум шуд.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
"Донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи С. Ҳофиз дар шаҳри Хуҷанд Севара Шарипова аз рӯйи номинатсияи иҷроиши мардумӣ дар дутор сазовори ҷойи 1-ум гардид", - омадааст дар хабар.
Ширкаткунандагони озмун аз рӯйи номинатсияҳои вокал, хореография ва иҷроиши мардумӣ байни ҳам рақобат карданд.
Манбаъ афзуда, ки Севара Шарипова дар озмун аз худ маҳорати баланди эҷодӣ нишон дода, сазовори баҳои баланди ҳайати ҳакамон гардид.
Пештар хабар дода шуд, ки филми коргардони тоҷик Файзулло Файзов дар Фҷашнвораи филмҳои АвруОсиё таҳти унвони "Бачаи обӣ" дар Лондон намоиш дода шуд ва он сазовори ҷоизаи "Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобинон" гардид.