Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия ба Первомайск беш аз 30 тонна кумаки башардӯстона интиқол дод

Бо хоҳиши раҳбарият дар навбати аввал ба оилаҳои дорои кӯдак хурдсол, оилахои серфарзанд ва пиронсолон бастаи хӯрокворӣ ва доруворӣ дода мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳри Первомайск беш аз 30 тонна кӯмаки башардӯстона расониданд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, низомиён ба шаҳри Первомайски Ҷумҳурии Мардумии Луганск кумаки башардӯстона интиқол доданд.
Корвони дигари башардӯстона беш аз 30 тонна маводи ғизоӣ, аз ҷумла ғизои кӯдакона, маводи гигиенӣ, доруворӣ ва маводи ниёзи аввалияро интиқол дод.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Слутский гуфт, кай Донбассу Херсон ба Русия мепайванданд
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.