ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳастанд, ба тамрини амалии омодагии ҷангӣ дар фасли тобистон шуруъ кардаанд, гузориш медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Пеш аз оғози машқҳо фармондеҳи пойгоҳ полковник Евгений Ковалин хидматчиёни ҳарбиро бо оғози давраи нави таълим табрик намуд.
"Вазифаи асосии тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳо баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо дар умури омодагии ҷангӣ мебошад. Ба сарбоз он чизе, ки омӯзонида шуд, дар ҷанг набояд шиор, балки принсипи кор бошад", - гуфт ӯ.
Машқҳо дар қаторкӯҳҳои Лоҳур оғоз шуданд, ки дар он ҷо низомиён ба ҳамоҳангсозии ҷузъу томҳо бо истифода аз системаҳои муосири алоқа, иктишоф ва артиллерия, ҳавопаймоҳои бесарнишин шуруъ карданд.
Ҳайатҳои чархболҳои гурӯҳи ҳавонавардӣ низ иштирок доранд. Онҳо дар шароити кӯҳистон бо ҳадафи зарба задан ба ҳадафҳои шартӣ парвоз мекунанд.
Қайд карда мешавад, ки тамоми супоришҳои ҷангӣ то ҳадди имкон наздик ба шароити ҷангӣ кор карда шудаанд. Дар майдончаҳои таълимӣ техникаи махсуси борбардор ва зиёда аз 500 ҳадаф сохта шуда, тақрибан ҳазор воҳиди мошинҳои низомӣ ҷалб шуд.
Қариб 50 фоизи машғулиятҳо дар шароити душвори кӯҳсор шабона мегузаранд.
Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзи он кишвар аст. Он дар Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.