Ӯзбекистон муваққатан содироти рӯғани растаниро манъ кард

Девони Вазирон ҳуқуқ дорад, дар сурати мавҷуд будани ҳаҷми кофии рӯғани растанӣ дар бозори дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба содироти он иҷозат диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Сар аз рӯзи чаҳоршанбе Ӯзбекистон содироти рӯғани растанӣ, аз ҷумла пахта ва офтобпарастро муваққатан манъ мекунад.
Чунин тадбирҳо тибқи фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев андешида шудаанд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Тибқи фармон аз 1 июни соли 2022, барои берун бурдани маҳсулоти зерин маҳдудият ҷорӣ мешавад:
рӯған, аз ҷумла рӯғани растанӣ ва пахта ба истиснои шартномаҳое, ки то 1 июни соли 2022 баста шудаанд, инчунин тибқи қонунгузории гумруки Ӯзбекистон, ки коркардро дар давлатҳои сеюм пешбинӣ менамояд;
тухми офтобпараст, инчунин тухмӣ ва меваҳои дигар зироатҳои рӯғандор, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
Маълум аст, ки Девони Вазирон ҳуқуқ дорад, содироти маҳсулоти дар боло зикршударо ба шарти кофӣ будан дар бозори дохилӣ аз нав барқарор кунад.
Ҳамчунин, тибқи фармони президенти Ӯзбекистон, то 1 январи соли 2023 харидории маҳсулоти воридорӣ тибқи барномаи давлатӣ мамнуъ шудааст.
Камбуди шакар дар Қазоқистон: мақомот сабабашро шарҳ дод
Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон содироти шакарро манъ кард. Ҳоло сухан дар бораи маҳдудияти 6-моҳа меравад.
Ба гуфтаи Вазорати кишоварзии Қирғизистон, ин иқдом дар пасманзари камбуди эҳтимолии шакар ва ҳамчунин дар робита ба мамнуияти содироти ин маҳсулот аз Русия ва Қазоқистон зарур аст.