ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Ҷумҳуриҳои халқии Донбасс ва вилояти Херсон метавонанд ба Русия ҳамзамон пайванданд, изҳор дошт Леонид Слутский, раиси Ҳизби либерал-демократии ФР, дар суҳбат бо РИА "Новости".
Слуткий, ки дар мақоми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури байналмилалӣ фаъолият мекунад, изҳор дошт, раъйпурсӣ дар бораи пайвастшавии ҶХД, ҶХЛ ва Херсон метавонад моҳи июл сурат гирад.
Ӯ ки ҳамчунин узви гурӯҳи музокиракунанда бо Украина мебошад, гуфт, мантиқӣ мебуд, агар раъйпурсӣ дар тамоми минтақаҳои озодшуда дар як вақт сурат гирад.
"Истисно намекунам, ки ин метавонад моҳи июл амалӣ шавад, пешгӯӣ намекунам, аммо метавонад дар минтақаҳои озодшуда ҳамзамон баргузор гардад. Ин мантиқӣ мебуд", - изҳор дошт Слутский.
Оғози амалиёти вижа дар Донбасс аз сӯйи раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 24 феврал, чанд рӯз баъд аз эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск эълом шуд.
Сарвари давлати Русия аҳдофи амалиёти вижаро "ҳимояи мардуме номид, ки ҳашт сол боз зери наслкушӣ аз сӯйи режими Киев қарор гирифтаанд". Вазорати дифои Русия итминон дод, ки онҳо танҳо ба инфрасохтори низомии Украина ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд.
Артиши Русия то кунун тавонистааст тамоми вилояти Херсон ва як қисми Запорожеро озод кунад ва таҳти назорати худ бигирад. Маъмурияти муваққатии ташкилшуда дар минтақаҳои озодшуда азми худро барои пайвастан ба Русия баён доштааст.