Дар рӯди Душанбе ҷасади марди номаълум пайдо шуд

Феълан шахси марҳум номаълум буда, ҳамчунин мушаххас нашуда, ки ӯ дар чӣ шароит ғарқ шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахс ва иллати марги ӯро дақиқ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар рӯдхонаи Душанбе ҷасади марди ношинос пайдо шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.
Ба иттилои манбаъ, субҳи 31 январ навбатдори шуъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз намудор шудани ҷасаде дар соҳили рӯди Душанбе хабар додааст.
Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хаём намудор шудааст.
Фоҷиа дар Шаҳринав: ду ноболиғ дар канали Ҳисор ғарқ шуданд
Зимнан бо дарёфти ин хабар дастаи зудамали КҲФ ба ҷойи ҳодиса равон шуда, ҷасадро бо истифода аз таҷҳизоти махсуси наҷот аз поён ба боло баровард ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурд.
Манбаъ меафзояд, марди ғарқшуда тахминан 45-50-сола буда, феълан ҳувияти ӯ номаълум аст.
Зикр гардид, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз карданд.