ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Қазоқистон ба таҳримҳои зидди Русия ҳамроҳ нахоҳад шуд. Дар ин бора сафири ин кишвар дар Русия ҷумҳурӣ Ермек Кошербаев гуфтааст.
"Мо ба фишори таҳримӣ алайҳи Русия ҳамроҳ нестем ва иқдоме нахоҳем кард, ки хилофи рӯҳияи шарикии мо бошад", - гуфт ӯ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия 24".
Сиёсатадори қазоқ таъкид кард, ки Русия дар ҳар шароите ҳамсояи наздиктарин ва муҳимтарин шарики кишвараш боқӣ мемонад, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Қазоқистон ҳеҷ гоҳ дар бозиҳои геополитикӣ ширкат накардааст ва нахоҳад кард", - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки як қатор кишварҳои ғарбӣ ба далели авзоъ дар Украина алайҳи Русия чанд бастаи таҳримот ҷорӣ карданд.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар бораи пайомадҳои таҳримҳои зидди Русия гуфт, ки онҳо боиси буҳрони пурраи байналмилалии ғизо бо эҳтимоли гуруснагӣ дар кишварҳои алоҳида хоҳанд шуд.
Тавре намояндаи расмии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Томсон Пири қаблан гуфта буд, вазъ дар Украина метавонад боиси болоравии қимати маводи ғизоӣ ва гуруснагии ҷаҳон гардад.
Ӯ қайд кард, ки ҳавзаи баҳри Сиёҳ яке аз муҳимтарин минтақаҳои истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти кишоварзӣ буда, ба Украина ва Русия 30% содироти гандум, 20% содироти ҷуворимакка ва 76% захираи офтобпараст рост меояд. Ва қатъи истеҳсолот ё таъминот метавонад боиси болоравии нарх гардад.