Отамбоев боз дар парвандаи дигар ҳам муттаҳам шуд

Президенти пешини Қирғизистон боз дар қазияи дигаре муттаҳам шудааст. Тафтишот кӯшиш кардааст, ки ӯро бозпурсӣ кунад, аммо Отамбоев ин корро рад кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Раисҷумҳури қаблии Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар робита ба ҳодисаҳои июн муттаҳам мешавад.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба вакили дифои президенти пешин Сергей Слесарев хабар додааст.
Ба гуфтаи ин вакили мудофеъ, Отамбоев бо моддаи 337 - "Сӯистифода аз мақоми хидматӣ" муттаҳам мешавад.
Ин парвандаро Хадамоти тафтишотии Додситонии кулл бар уҳда дорад.
Слесарев қайд кардааст, тафтишот кӯшиш кард, ки бозпурсӣ гузаронад, аммо Отамбоев ин корро рад кардааст.
Боқиев бахшида мешавад? Ҷабборов гуфт, дар Қирғизистон ӯ аз ёди ҳама рафтааст
"Мавқеи Алмосбек Шаршенович кайҳо маълум аст", - афзуд адвокат.
Бар зидди Отамбоев ба чанд иттиҳоме, аз ҷумла раҳоии ғайриқонунии яке аз афроди маъруф дар ҳалқаҳои ҷиноӣ Азиз Батукаев ва ҳодисаҳои Кой-Тош парванда боз шудааст.
12 сол пеш дар пайи ҳаводиси моҳи апрел дар ҷануби Қирғизистон муноқишаи байни миллатҳо сар зад, ки бар асари он беш аз 400 нафар ҷон бохт.
Вазъи сиҳатии Отамбоев дар толори додгоҳ бад шуд: ӯро мошини ёрии таъҷилӣ бурд
Отамбоев он вақт муовини раиси ҳукумати муваққатӣ буд.
Қаблан Додгоҳи шаҳри Бишкек Отамбоевро ба 11 соли зиндон маҳкум карда буд. Ӯ моҳи августи соли гузашта, пас аз як задухӯрди шадид миёни ҷонибдоронаш ва низомиёни дастаи таъйиноти махсуси Қирғизистон дастгир шуд.
Дар пайи ноамниҳои ахир, ки дар робита ба интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон сурат гирифт, ҷонибдоронаш ӯро аз бинои КДАМ озод, вале баъди чанде сиёсатмадорро боз боздошт ва равонаи зиндон карданд.