Бе муҳоҷирон намешавад: коршиносон коҳиши нерӯи корӣ дар Русияро арзёбӣ карданд

То охири ин даҳсола шумори шаҳрвандони қобили меҳнати Русия коҳиш ёфта, ҷавонони муҳоҷири имрӯза ба гурӯҳҳои синну соли калонтар дохил мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Русия то охири соли 2030 аз 1,9 миллион нафари қобили кор маҳрум хоҳад шуд. Чунин манзараро, коршиносони Мактаби тадқиқотии Мактаби олии иқтисодии Русия пешгӯӣ кардаанд.
Давоми 10 сол таркиби синну соли боқимондаи қувваи корӣ тағйир меёбад: ҳиссаи одамони то 40-сола аз 42% (2019) то 37,45 (2030) коҳиш меёбад.
То ин замон пиршавии аҳолии қобили меҳнати Русия аз сабаби ворид шудани намояндагони насли хурди солҳои 1990-2000 ба бозори меҳнат таъмин мешуд.
Аммо дар баъзе минтақаҳо ин раванд, ки ба вуруди муҳоҷирон бастагӣ дорад, суст мешавад.
Сипос: тавсифи волии Маскав аз кори муҳоҷирони меҳнатӣ
Ҳамин тавр кам шудани теъдоди аҳолии қобили меҳнат бештар дар ду шаҳру вилояти бузург: Маскав, Санкт-Петербург, вилоятҳои Маскав ва Ленинград пешбинӣ шудааст.
Дар ин минтақаҳо дар солҳои охир шумораи аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирони ҷавон зиёд шуда истодааст, вале дар даҳсолаи баъдӣ онҳо ба гурӯҳҳои синну соли калонтар дохил мешаванд.
Коршинос гуфт, чаро Русия ба муҳоҷирони тоҷик ниёз дорад? Видео
Мудири Пажуҳишгоҳи демографӣ Михаил Денисенко гуфт, барои ҷилавгирӣ аз зарба ба иқтисод бояд сармояи инсониро тавассути рушди соҳаи тандурустӣ ва маориф тавсеа дод, мизони таваллуд ва муҳоҷирати ҷавононро бештар кард.