Дар Хуҷанд факултаи рӯзноманигорӣ таъсис мешавад

Ҳадаф аз таъсиси факултаи нав омода намудани кадрҳои ҳирфаии рӯзноманигорӣ ва ба ин тартиб пур гардонидани фазои иттилоотии кишвар гуфта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултаи рӯзноманигорӣ таъсис мешавад.
Дар ин бора Аюб Усмонзода, ректори донишгоҳ иттилоъ дода афзуд, ки аз замони таъсиси кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума 25 сол сипарӣ гардида, зимнан барои таъсиси факултаи навтаъсиси рӯзноманигорӣ замина фароҳам шудааст.

"Барои факултаи навъасиси журналистика ва назарияи тарҷума умедвор ҳастем. Ман аз масъулони кафедра хоҳиш мекунам, ки бо ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо корро оғоз намоянд” - гуфт ректор.

Усмонзода ин нуқтаро дар замони фаъолшавии студияи нави таълимии телевизионии “Фурӯғ” -и кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума баён кард.
Масъулини донишгоҳ омода намудани рӯзноманигорону наттоқон, тарроҳону коргардонҳо, наворбардорони касбӣ ва мутахассони дигар риштаҳои соҳоти ҳаёти ҷомеаро аз масъалаҳои саривақтӣ медонанд.
Аммо баъзе соҳибназарон мегӯянд, ҳамоно дар фазои иттилоърасонӣ холигиҳое мушоҳида мешавад ва ин ҳам аз камбуди мутахассисони соҳа, аз ҷумла рӯзноманигорони ҳирфаӣ аст.
Масъулони ҳукумати Суғд ҳам дар маҳфилҳои якҷо бо рӯзноманигорон борҳо дар бораи мушкили набардҳои иттилоотӣ ва фарогир намудани ин фазо таъкид варзида буданд.
Боздиди Аҳмадзода аз майдони сохтмони мактаби русӣ дар Хуҷанд
Каримбой Комилов, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума гуфт, ин кафедра соли 1997 бо ибтикори устоди донишгоҳ Матлуба Мирзоюнус (Хоҷаева) дар заминаи факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таъсис дода шудааст.
Бино ба гуфти ӯ, ҳоло кафедра аз рӯйи панҷ ихтисос, аз ҷумла рӯзноманигорӣ, рӯзноманигории телевизион ва вебрӯзноманигорӣ мутахассис омода мекунад. Онҳо азм доранд, ки соли ҷорӣ барои аввалин бор гурӯҳи русиро роҳандозӣ намоянд.
Масъулони кафедраи журналистика мегӯянд, дастпарварони ин шуъба дар муҳити кишвар ва берун аз он фаъолият мекунанд. Ҳамасола кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи донишгоҳи Хуҷандро беш аз 20 нафар мутахассис хатм мекунад. Вале баъзе коршиносони соҳа маоши кам ва соири камбудҳои молиро сабаби аз соҳаи рӯзноманигорӣ канор рафтани шуморе аз мутахассисон медонанд.