Исломӣ: Бонкдори тоҷик низоми ояндадори молиявӣ дар Тоҷикистонро гуфт

Мақомоти Тоҷикистон барои рушди бонкдории исломӣ дар кишвар шароит фароҳам оварда истодаанд ва ин низом бо мурури замон муваффақ хоҳад шуд, мегӯяд коршинос
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бонкдории исломӣ феълан дар Тоҷикистон маъруф нест, аммо ояндадор мебошад.
Ин нуқтаро иҷрокунандаи вазифаи ноиби раиси "Алиф бонк" Далер Каримов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаҳон таваҷҷуҳ ба низоми бонкдории исломӣ мунтазам афзоиш ёфта истодааст.

"Рушди миёнаи ҳарсолаи бонкдории исломӣ ҳудуди 15-20%-ро ташкил медиҳад ва дар кишвари мо ҳам афзоиши майлу таваҷҷуҳ ба маҳсулоти молиявии исломӣ мушоҳида мешавад", - таъкид намуд коршинос.

Каримов илова намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ имконотро фароҳам оварда истодааст, то бонкдории исломӣ равнақ ёбад.
Аз ҷумла зикр шуд, ки соли 2014 мақомдорон қонун дар мавриди фаъолияти бонкдории исломиро қабул карду баъдан Бонки миллии Тоҷикистон даҳҳо санадҳои ҳуқуқию меъёриро омода намуд.
Дар баробари ин соли 2022-юм дар Кодекси андози Тоҷикистон тағйироти ҷадид мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар он фаъолияти бонкҳои исломӣ низ ба назар гирифта шудааст.
Бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон то чӣ андоза умедбахш аст: назари коршиносон
"Ин ҳама мусоидат мекунад, ки низоми мазкури бонкдорӣ дар ҷумҳурӣ рушд ёбад. Талабот афзоиш хоҳад ёфт ва мардум бештар аз хидматрасониҳои ин бахш истифода хоҳанд кард", - изҳори бовар намуд Каримов.
Ба гуфтаи ӯ, феълан дар ҷаҳон беш аз 400 бонки исломӣ фаъолият доранд, аммо агар аз рӯйи ҳисса дар тамоми низоми бонкдорӣ гирем, бонкдории исломӣ каме бештар аз 6%-ро ташкил медиҳад.
Коршинос ҳамчунин изҳор дошт, ки фарқи бузурге миёни бонкдории анъанавӣ ва исломӣ мавҷуд нест. Дар мавриди он ки кор бо кадом бонк беҳтар аст, коршинос изҳор дошт, ки ин ба ҳолати мушаххас вобаста аст ва мизоҷон бештар ба сатҳи хидматрасонӣ таваҷҷуҳ мекунанд.