ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд сокинони вилоятро бо Рӯзи байналмилалии кӯдакон шодбош гуфт.
Аҳмадзода зимни чорабинии ҷашнӣ дар "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони насли хурдсол аз иқдомоти ҳукумат барои ҳифзи кӯдакон суҳбат кард.
Ба гуфтаи раиси Суғд, айни ҳол дар қаламрави вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 1800 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
"Ҳамчунин дар вилоят зиёда аз 451 нафар ятими кулл умр ба сар мебарад ва онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат қарор доранд", - изҳор дошт ӯ.
Вай инчунин аз даъватҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ барои анҷом додани амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ёдовар шудааст.
"Боиси таъкид аст, ки соли ҷорӣ дар вилоят 15 лагери беруназшаҳрӣ, 524 лагери рӯзонаи наздимактабӣ ва 81лагери варзишӣ-беҳдоштӣ фаъолият хоҳанд кард, ки онҳо бештар аз 80 ҳазору 240 нафар кӯдакро фаро мегиранд", - изҳор дошт Аҳмадзода.
Ӯ иттилоъ дод, ки дар таътили имсолаи тобистона 720 нафар хонандаи ятиму бепарастор, 7636 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизот ва 1420 нафар хонандаи болаёқат ройгон ба истироҳату фароғат ҷалб карда мешавад.
Ҳамчунин ҳукумати Суғд ният дорад, ба истироҳатгоҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи "20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов 300 кӯдаки ятиму бепарастор, ғолибони озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявиро ҷалб намояд.
Дар охир Аҳмадзода ба ғолибони як қатор озмунҳо ва хурдсолон туҳфаи идона дод.