ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни як сафари расмӣ ба Ӯзбекистон бо Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар, ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ мекунад.
Дар чорчӯби сафар баргузории ҳамоиши тиҷорӣ бо ширкати корхонаҳои пешрафтаи ду кишвар дар назар аст.
Рӯзҳои 2-3 июн раҳбарони ду кишвар гуфтугӯ хоҳанд кард.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ баррасӣ мешаванд.
Раҳмон ва Мирзиёев густариши ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ мекунанд.
"Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад", - омадааст дар хабар.
Илова бар ин, ба лоиҳаҳои энергетикӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ, таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Дар назар аст, ки сарони давлатҳо доир ба рӯзномаи кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор мекунанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таъйид кард, ки дар назар аст, пас аз анҷоми ин ҳамоиш як бастаи асноди дуҷониба имзо шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар остонаи сафар, рӯзи 30 май дар Душанбе таҳти раёсати нахуствазирони ду кишвар ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд.