ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Сохтмони мактаби русӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории ҷониби Русия идома дорад, хабар додааст ҳукумати Суғд.
Ба иттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз майдони бунёди мактаби нав боздид карда, бо рафти сохтмон шинос гардид. Таъкид шудааст, ки бунёди иншооти мазкур сентябри соли 2021 оғоз шуда, бояд то сентябри соли 2022 ба истифода дода шавад.
Зикр гардид, ки муассисаи таълимӣ барои 1224 хонанда пешбинӣ шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад.
"Дар дохили бино ва ҳудуди он, дар қатори синфхонаҳои фаннӣ, ошхона, толору маҷлисгоҳ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ барои футбол, баскетбол ва волейбол, майдончаҳои таълимӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва автобуси хонандагон, дегхона ва дигар биноҳои ёрирасон бунёд карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Раиси вилоят барои бо сифати баланд омода намудани иншооти соҳаи маориф супориш дода, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврасро муҳим хондааст.
Маврид ба зикр аст, ки сохтмони мактаби мазкур тибқи ташаббуси муштараки руасои ҷумҳури Тоҷикистону Русия амалӣ карда мешавад.
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаро фаро мегирад.
Омӯзиш дар ин панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ, мувофиқи дастурамали таълимии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.