ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар долонҳои зеризаминии корхонаи "Азовстал" як микроавтобус бо ҷасади минагузоришудаи низомиёни украинӣ пайдо шуд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар дод, менависад РИА "Новости".
"Дар ҷараёни бозрасии иншооти зеризаминии корхонаи металлургии "Азовстал" дар Мариупол, ки дар он фашистони отряди "Азов"*-и украинӣ, ки таслим шуда буданд, пинҳон шуда буданд, низомиёни рус як микроавтобуси изотермикиро кашф карданд. Дар микроавтобус 152 ҷасади ҷангҷӯён ва низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи кушашудаи Украина нигоҳ дошта мешуданд", - гуфт генерал.
Вай тавзеҳ додааст, ки ҳангоми бозрасии микроавтобус минарӯбҳои рус чаҳор минаро дар зери ҷасади низомиёни кушташудаи украинӣ дарёфт кардаанд ва массаи умумии маводи тарканда дар онҳо барои нобуд кардани тамоми боқимондаҳои ҷасадҳои дар микроавтобус кифоя будааст.
"Тибқи натоиҷи бозпурсии ҷангҷӯёни асиршудаи "Азов"*, муайян шудааст, ки нобудсозии ҷасадҳо бо дастури мустақими Киев сурат гирифтааст. Ҳадаф аз ин амали иғвогарона муттаҳам кардани Русия дар қасдан нобуд кардани ҷасадҳо ва ба хешовандон носупоридани онҳо будааст”, - афзуд намояндаи расмии Вазорати дифоъ.
Конашенков ҳамчунин гуфт, ҷониби Русия қасд дорад дар ояндаи наздик ҷасади ҷангҷӯён ва низомиёни украиниро, ки дар қаламрави корхонаи "Азовстал" ёфт шудаанд, ба намояндагони Украина бисупорад.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
Ахиран президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон омодагии худро барои ташкили музокироти навбатии тарафҳо изҳор дошт.
- созмони мамнуъ дар Русия