Камбуди шакар дар Қазоқистон: мақомот сабабашро шарҳ дод

Мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон сабаби камбуд шудани маводи ниёзи аввал - шакарро шарҳ ва онро ба манъи воридот аз Русия рабт доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар мағозаҳои Қазоқистон камбуди шавкар сабт шудааст, мардум ба воҳима афтода, ҷӯёи посух ба ин мушкил шудаанд.
Бахит Султонов, вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон сабаби камбуди шакар дар Қазоқистонро гуфту дар бораи тадбирҳое, ки ҳукумат барои пур кардани бозор бо ин маҳсулот андешида истодааст, нақл кард, менависад Sputnik Қазоқистон.
Ин масъул дар минбари "Муколамаи кушод" ба суоли як сокини пойтахти Қазоқистон дар ин бора посух гуфтааст.
"Норасоии шакар ба манъи содироти ин мавод аз ҷониби Федератсияи Русия ба миён омадааст", - гуфтааст
Вазир инчунин гуфт, ки дар чорчӯби қарори Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо аз 15 апрели соли 2022 ба Қазоқистон ҳуқуқи воридоти бебоҷи қанди сафед ва қанди хом дар ҳаҷми 350 ҳазор тонна то моҳи августи соли 2022 дода шудааст.
Барои муқоиса дар моҳи март, вақте бори аввал дар Қазоқистон "табларзаи шакар" рух дод, вазири кишоварзӣ Ербол Карашукеев гуфта буд, ки Қазоқистон барои воридоти бидуни боҷи шакар ва қанди хом аз кишварҳои сеюм то 31 августи соли 2022 ба ҳаҷми 250 ҳазор тонна квота дорад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар қаламрави Қазоқистон 152 вагон бо шакар (беш аз 10 ҳазор тонна) ҳаракат мекунанд, ки 58 вагонаш барои борфарорӣ қарор дорад, 94 вагони дигар бояд дар давоми 7 рӯз ба истгоҳ расад.
Нақшаҳои "ширин": Тоҷикистон воридоти шакарро афзоиш медиҳад
Рӯзи 27 май аз Ҳиндустон ба Нурсултон ду вагон шакар (тақрибан 130 тонна) оварда шуд.
Шакар аз ҷониби шабакаи чаканаи "Магнум" харида шудааст, ки он ба нуқтаҳои савдо фиристода мешавад ва рӯзи дигар дар рафҳо дастрас хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, дар манотиқи Қазоқистон камбуди шакар мушоҳида шуда, арзиши як кило аз ин маҳсулот дар бархе аз фурӯшгоҳҳо аз 800 танга, муодили 20 сомонӣ гузаштааст.
Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон содироти шакарро манъ кард. Ҳоло сухан дар бораи маҳдудияти 6-моҳа меравад. Ба гуфтаи Вазорати кишоварзии Қирғизистон, ин иқдом дар пасманзари камбуди эҳтимолии шакар ва ҳамчунин дар робита ба мамнуияти содироти ин маҳсулот аз Русия ва Қазоқистон зарур аст.
Тоҷикистон бошад, нақша дорад, ки дар пасманзари афзоиши аҳолӣ воридоти шакарро афзоиш диҳад.
Ҳисоби сатҳи таваррум дар Тоҷикистон: чӣ гарон шуд?
Аз соли 2022 то соли 2024 воридоти ин навъи маҳсулот беш аз 20% афзоиш хоҳад ёфт.
Тибқи пешгӯиҳо, ҳаҷми воридоти шакар ба 205 ҳазор тонна мерасад. Барои соли 2022 ин рақам 175 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2021 воридоти шакар беш аз 162,1 ҳазор тонна, маблағи 86,2 миллион долларро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар мавриди таъсиси корхонаҳои истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар кишвар бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтушунид доштанд.
Барои ин пеш аз ҳама майдонҳои калони парвариши лаблабӯ ва танҳо дар он сурат сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ имконпазир мегардад.