ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Артиши Русия дар фазои баҳри Сиёҳ як ҳавопаймои бесарнишини НАТО-ро мушоҳида карданд.
Он ба соҳили Қрим наздик шуда, тавассути дастгоҳҳои радиоэллектронии қувваҳои мусаллаҳи Русия радёбӣ шуд.
"Эҳтимол дастгоҳ барои ҷосусии объектҳо ва нерӯҳои Русия ба манфиати нерӯҳои Украина нигаронида шуда буд", - гуфт ба РИА "Новости" як манбаи огоҳ.
Дастгоҳҳои радиоэллектронии артиши Русия пас аз мушоҳида онро дарҳол маҳв кардаанд.
Бояд гуфт, ки иғвогариҳои НАТО дар баҳри Сиёҳ ҳам қабл аз амалиёти вижаи Маскав дар Украина сурат гирифта буданд.
Тирамоҳи соли 2021 ин паймон дар обҳои худ машқҳои густурдаи низомӣ баргузор кард. Ба ин машқҳо киштии нерӯи дарёии ИМА "Mount Whitney" ва "Porter" ҳамроҳ шуда, Вашингтон ба марзҳои Русия ҳавопаймоҳои иктишофӣ фиристод.
Ин ҳодиса дар охири моҳи июни соли 2021 рух дода буд. Баъд киштии Англия дар баҳри Сиёҳ, дар наздикии Қрим ба обҳои Русия даромад.
Ёдовар мешавем, ҷанги электронӣ як навъ муборизаи мусаллаҳонаест, ки бо мақсади таъсир расонидан ба системаҳои алоқа ва иктишофии ҳариф ба амал меояд.
Ҳадафҳои асосӣ он вайрон кардани тамомияти додаҳои онҳо, ҳифзи системаҳои онҳо аз таъсири шабеҳ ва тағйир додани шароити паҳншавии мавҷҳои радио мебошанд.