ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Толибҳо тарҳи ҷадиде барои ба даст овардани машруияти дохилӣ ва хориҷиро мувофиқа кардаанд, хабар дод Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Солеҳ бо такя ба манобеи худ изҳор дошт, ки толибҳо мехоҳанд, қароргоҳи Мулло Ҳибатулло ва ё худ иморатро дар вилояти Қандаҳор ҳифз намоянд. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом ба маънои интиқоли пойтахти сиёсист, то толибҳо аз ошӯбҳои сиёсӣ ва мардумӣ эмин монанд. Ба ибораи дигар Кобул ба пойтахти маъмурӣ табдил хоҳад ёфт, афзуд Солеҳ.
Банди дигаре аз нақшаи толибҳо, ба гуфтаи Солеҳ, интихоботи Вулуси ҷирга ва ё худ парлумони Афғонистон таҳти назорати кумитае мебошад, ки аксари аъзои он аз гурӯҳи толибҳо мебошанд. Таъкид шудааст, ки роҳбари ин кумитаи интихоботиро Мулло Ҳибатуллоҳи Охунд таъйин мекунад.
"Ин кумита салоҳияти муайян кардани шартҳои ворид шудани номзадҳоро ба интихобот хоҳад дошт. Аъзои собиқи Вулуси ҷирга ва шӯроҳои вилоятӣ ва онҳое, ки ба ҷумҳурӣ тааллуқ доштанд, метавонанд дар интихобот номзад бошанд", - афзудааст Солеҳ.
Ӯ таъкид намудааст, ки занон наметавонад вориди парлумон шаванд. Инчунин зикр намудааст, ки бар асоси нақшаи мувофиқашуда, сарвазирро Мулло Ҳибатулло бо Вулуси ҷирга муаррифӣ мекунад ва парлумон танҳо барномаи сарвазирро мешунаваду ҳаққи тасвиб ё рад кардани онро надорад.
Интиқод аз амалҳои Қандаҳору узвияти занон дар кобинаи вазирон мамнуъ мебошад.
Инчунин вазирони дифоъ, корҳои дохилӣ, мудири истихборот мустақиман аз ҷониби Мулло Ҳибатулло таъйин мешаванд ва ба сарвазир ҳисобот намедиҳанд.
Қозӣ намояндаи вижаи Мулло Ҳибатуллоҳ хоҳад буд ва Вулуси ҷирга дар таъйини аъзои Додгоҳи Олӣ ҳеҷ нақше надорад, афзуд Солеҳ. Ӯ илова намуд, намояндагони шиаҳо ҳақ надоранд, дар мақомоти болоии додгоҳҳо таъйин гарданд.
Дар баробари ин таъсиси Шӯрои олии уламо барои ҳифзи асли иморат, муайян кардани вориси Мулло Ҳибатулло баъд аз маргаш дар назар аст, ки ҳеч кас ғайр аз толибҳо наметавонанд узви ин шӯро гарданд.
Ба навиштаи Солеҳ, ин шӯро дар вилояти Қандаҳор ҷойгир хоҳад шуд ва намояндагонаш дар вилоятҳо ҳамчун мақоми олии мазҳабӣ ва сиёсии волиёну мақомдорон фаъолият хоҳанд кард.
Ӯ афзуд, дар ин низом барои ҳич як ҳизб, иттиҳодия, шӯрои маҳаллӣ иҷозати фаъолият дода намешавад ва фаъолияти матбуоти ғайридавлатӣ маҳдуд мегардад.
Толибҳо нимаи августи соли 2021 ҳукумат дар Афғонистонро ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эътирофи ҳукумат пеши толибҳо шартҳое гузоштааст, ки ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки намояндагони қавму гурӯҳҳои сиёсии гуногун аз ҷумлаи онҳо мебошад.