Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон меравад

Дар доираи ин сафар вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақаӣ ва якчанд чорабинии дигари фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ вориди Ӯзбекистон мешавад.
Дар ин бора Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар як матлабе бахшида ба равобити кишварҳо, ки дар "Ховар" нашр шуд, хабар додааст.
Ба иттилои Раҳмонзода, дар назар аст, ки сафари президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рӯзҳои наздик сурат гирад, аммо то кунун санаи дақиқи он мушаххас нест.
Сафири Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин сафар масъалаҳои ҳамкорӣ боз ҳам васеъ баррасӣ мешаванд ва равобити дӯстона ҳарчи зиёдтар таҳким меёбанд.
Сарвазири Ӯзбекистон дар Душанбе густариши ҳамкориро баррасӣ мекунад
Ҳамзамон дар доираи ин сафар вохӯрии соҳибкорон, форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, конфронси илмиву амалии минтақавӣ ва якчанд чорабинии дигари фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ахиран дар Душанбе ҷаласаи 9-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистондоир шуд, ки дар он маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти иқтисоду тиҷорат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.
Ёдовра мешавем, ки ахиран суҳбати телефонии сарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба муносибати Иди мубораки Фитр доир шуда буд.
Дар ин суҳбат Шавкат Мирзиёев аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар фурсати муносиб бо сафари расмӣ аз Ӯзбекистон боздид кунад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар аҳди Шавкат Мирзиёев рӯ ба рушд ниҳода, феълан дар ҳамаи ҷанбаҳо равнақ ёфта истодаанд.