Бонки марказӣ ҳанӯз маҳдудияти хариди асъорро бекор намекунад

Бонки марказии Русия ба нақша гирифтааст, ки маҳдудиятҳои ҷории хариди асъори нақдро дар кишвар то моҳи сентябр нигоҳ дораду вазъро назора кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Маҳдудиятҳои ҷории хариди асъори нақд дар Русия то моҳи сентябр нигоҳ дошта мешаванд, хабар додааст РИА "Новости" аз қавли муовини аввали раиси Бонки марказии ФР Ксения Юдаева.
Ӯ ин нуқтаро зимни шарҳи маҳдудиятҳо дар бозори нақд ва эҳтимоли ҷорӣ намудани чораҳои иловагӣ ба хабарнигорон баён дошт.

"Ман фикр мекунам, ки ҳоло то моҳи сентябр интизор мешавем, вазъро баррасӣ хоҳем кард. То ҳол дар ин бора чизи наве илова карда наметавонам", - афзуд ӯ.

Маврид ба зикр аст, ки ахиран Бонки марказии Русия маҳдудиятҳои муваққатии амалиёт бо асъори нақдро сабуктар кард. Аз ҷумла сар аз 20 май ташкилотҳои қарзӣ метавонанд ба русиягиҳо ҳар гуна асъори нақди хориҷиро бидуни маҳдудият ба истиснои доллар ва евро фурӯшанд.
Дар зимн маҳдудиятҳои феълӣ дар фурӯши доллар ва еврои нақд боқӣ мондаанд. Муҳлати амали ин маҳдудиятҳо феълан то 9 сентябр дар назар аст.
Шаҳрвандон метавонанд танҳо он доллару евроеро, ки бонкҳо аз 9 апрел гирифтаанд, харидорӣ кунанд.
Дар ҳамин қурби расмии доллар дар баробари рубл, ки Бонки марказии Русия барои рӯзи 1 июн муайян кардааст, ба андозаи 1,4906 рубл то 61,6069 рубл ва евро 1,9773 рубл то 62,7397 рубл коҳиш ёфтаст. Бонки марказии Русия қурби расмии доллар ва евроро нисбат ба рубл дар рӯзҳои корӣ бо истифода аз қурби бозории биржаи Маскав муқаррар мекунад.
Ҷаҳиши рекордии рубл дар Тоҷикистон: 10 сомонӣ боло рафт
Таҳлилгарон дар мавриди коҳиши қурби доллар ва евро дар моҳи май изҳор медоранд, ки барои ташаккули чунин нишондодҳо омилҳои гуногун таъсир доранд. Аз ҷумла омодагии ширкатҳо барои пардохтҳои андозӣ, охири май сурат гирифт, талабот ба долларро коҳиш дод. Инчунин тавони қавии пардохтпазирии Русия дар ин раванд нақш дорад.
Аз омилҳои дигар маҳдудиятҳои Бонки марказии Русия барои ҳаракати пул дар шароити таҳримҳо арзёбӣ мешавад.
Устуворшавии пули Русия дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ ба нишондоди он таваҷҷуҳ зиёд зоҳир карда мешавад. Садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия фаъолият мекунанд, ки бо рубли русӣ маош мегиранд.