Киштии аввалин бо ҳамроҳи артиллерия, Флоти баҳрии Новороссийск аз бандари боз кушодашудаи Маруипол баромад.
Киштии навъи "Славутич" бори металлро ба бандари Ростови лаби Дон мерасонад.
"Имрӯз аз бандари Мариупол 2500 тонна бор рафт, киштӣ ба сӯйи Ростов равон шуд. Ин маркази нақлиётӣ барои Донбасс хеле муҳим аст. Ин бандари калонтарин ва ягона дар баҳри Азов аст, ки дар он ҳама навъҳои борро, аз ҷумла дар фасли зимистон коркард кардан мумкин аст”, - навиштааст раиси Ҷумҳурии Халқии Донетск Денис Пушилин дар канали "Telegram"-и худ.
Пушилин бар ин назар аст, ки боз шудани бандар ба барқарорӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад.