"Гурӯҳи аблаҳон": Иттиҳодияи Аврупоро барои нафти Русия сахт интиқод карданд

Хонандагони як рӯзномаи булғорӣ аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав алайҳи Маскав хашмгин шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Булғорҳо аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо дар бораи қисман мамнуъ кардани интиқоли нафти Русия тавассути баҳр интиқод карданд. Дар ин бора шарҳҳои рӯзномаи "Факти" шаҳодат медиҳанд.
Хонандагони нашрия барои кишварҳо мушкилоти фоҷеъабори сӯзишвориро пешгӯӣ ва инчунин мансабдоронро ба бесалоҳиятӣ муттаҳам карданд.

"Сирк. Оё ман ягона шахсе ҳастам, ки Иттиҳодияи Аврупоро як гурӯҳи аблаҳон мепиндорам?" — навиштааст бо хашм як корбар.

Вай таъкид кард, ки қимати маводи сӯхт чанд баробар боло меравад ва дар баробари ин дигар колоҳо низ гарон мешаванд.
"Оё мо бо офати дигаре бо нархҳои баланд ва иқтисоди марговар дучор мешавем?" — навиштааст корбари дигаре.
Яке аз шореҳҳо гуфтааст, ки ҳоло Иттиҳодияи Аврупо чанд миллиард евро чоп кунад, ки "ғарбҳои фарбеҳ метавонанд бо он нафтро аз кишварҳои арабӣ харидорӣ кунанд ва нархи онро боз ҳам баландтар кунанд ва ба ин васила тамоми кишварҳо ва мардуми фақири Осиё ва Африқоро фиреб диҳанд".

"Мо гӯё дар раҳми баъзе мансабдорони беақл мондаем", — шикоят кардааст корбар.

Хонандаи дигари рӯзнома гуфтааст, ки субҳ нархи нафт бори дигар боло рафт. Дар ҳамин ҳол Русия оҳиста-оҳиста тилои сиёҳро фурӯхта, аз ин ҳама зиёдтар даромад хоҳад кард.
"Чӣ гуна махлуқҳои бемағз моро идора мекунанд ё фикр мекунанд, ки моро идора мекунанд", - сарзаниш кард корбаре мақомоти Иттиҳодияи Аврупоро.
Медведев: Ҳеҷ як аз мақомдори Русия дар хориҷ амвол надоранд
Ёдовар мешавем, Чарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо гуфт, раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар пайи натоиҷи рӯзи аввали нишаст дар Брюссел дар бораи таҳрими қисме аз нафт ба мувофиқа расиданд.
Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав таҳримҳои густарда ҷорӣ карданд.
Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Рубл надод: "Газпром" интиқоли газ ба ширкати ҳолландии "GasTerra"-ро комилан қатъ кард
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунбол як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ҷудо кард. ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ (LNG) ва ангиштро маҳдуд кард ва баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат шомил кард.
Инчунин, бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Русияро боздоштанд.