ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Барои рушди тиҷорату сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Эрон бештар фаъол гардидани тамосу робитаҳои бахши хусусӣ ва соҳибкорони ду кишвар зарур аст.
Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи музокирот бо ҳамтои эронияш Иброҳими Раисӣ баён дошт.
Ӯ гуфт, барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, афзоиши табодули мол ва тамосҳои башарӣ пайвастани шабакаҳои нақлиётии ду кишвар муҳим аст. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Эрон аз тадбирҳои муштарак барои бунёди роҳҳои заминӣ, ки ду кишварро бо ҳам мепайванданд, истиқбол кард
"Дар ин замина мо алоқамандии худро барои баромадан ба бандарҳои обии Эрон, ҳамчунин истифодаи имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос барои ҳамлу нақли молу маҳсулот иброз доштем", - изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ гуфт, ҳамзамон роҳандозии ҳамкориҳои густурда байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии ду кишвар ба нафъи ҳар ду ҷониб мебошад.
Нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар раванди баррасӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо таъкид бар иқтидорҳои мавҷуд дар соҳаи сайёҳӣ ташаккули низоми мусоиди рафтуомад миёни ду кишварро барои рушди ҳамкориҳо дар ин ҷода мувофиқи мақсад арзёбӣ кард.
Ин изҳорот дар ҳолеянд, ки баъди як марҳилаи сардӣ муносибот миёни Тоҷикистону Эрон рӯй ба гармӣ оварда, тамосу рафтомад миёни доираҳои гуногуни кишварҳо барқарор шуда истодааст.