ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз баргузор шудани як мулоқоти дигари намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, аз 25 то 30 май дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз баргузор гардид.
Вазорат аз баргузор шудани ин ҷаласа танҳо як хабари кӯтоҳ нашр намудааст ва ҷузъиёти бештарро ифшо накардааст.
Танҳо зикр шудааст, ки ҷаласа дар фазои дӯстона сурат гирифт ва интизор меравад, ояндаи наздик як ҷаласаи дигар дар Тоҷикистон баргузор шавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.
Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳои фавқулодда гурӯҳҳои топографии ҳар ду ҷумҳурӣ оид ба тақсимоти сарҳад мунтазам вохӯрӣ мегузаронанд.