Пешвозгирии Раисӣ ва Горди фахрии Эрон аз Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон раисҷумҳури ин кишвар Иброҳими Раисӣ бо Горди фахрӣ ва Суруди миллӣ истиқбол гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Теҳрон маросими пазироии расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, маросими пазироӣ дар назди кохи президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъваташ намуд.
Официальный прием Эмомали Рахмона в Тегеране
Дар назди кохи Президент парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар афрохта шуда, Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон саф ороста буд.
Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳарду давлат садо дод ва фармондеҳи Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Официальный прием Эмомали Рахмона в Тегеране
Баъди садо додани сурудҳои миллӣ ва гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ президентҳо аз назди ҷузъҳои Горди фахрӣ гузашт карда, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷониби парчами давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром ба ҷо оварданд.
Дар ин маросим сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Эрон ошно шуданд.
Пас аз дидори раисони ҷумҳуриҳои Эрону Тоҷикистон дидори муштараки ҳайатҳои баландпоя баргузор гашта, ба дунболи он санадҳои ҷадиди ҳамкориҳои ду кишвар ба имзо мерасанд.