Ҷашнвораи футбол дар Душанбе - гузориши аксӣ

Таваққуфгоҳи маҷмааи тиҷоратии "Душанбе Молл" дар пойтахти Тоҷикистон давоми ду рӯзи охир макони таҷаммуи дӯстдорони варзишу фарҳанг буд
Sputnik
Ҷашнвораи футбол - "Football Fest" дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, фароғатӣ ва варзиширо фаро гирифт.
1 / 12

Дар ҷашнвораи футбол бозигарони бошгоҳҳои Тоҷикистон ҳунарашонро нишон доданд.

2 / 12

Дар доираи ин чорабинӣ мухлисон низ зӯрашонро дар баробари футболбозҳои касбӣ санҷиданд.

3 / 12

Ҷашнвора дар пойтахти Тоҷикистон ду рӯз давом кард.

4 / 12

Чорабинии мазкур сокинону меҳмонони синни гуногунро гирди ҳам овард.

5 / 12

Баргузоркунандагон онро гармтарин чорабинии варзишии фасли гармо дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

6 / 12

Чорабинӣ садҳо мухлиси фарҳангу варзишро гирди ҳам овард.

7 / 12

Дар доираи ҷашнвораи футбол инчунин ба барандаҳои озмунҳои гуногун мошин тақдим гардид.

8 / 12

Ҷамъомадагон дар баробари тамошои ҳунарнамоии варзишгарон, инчунин барномаи фарҳангии ситораҳои санъати тоҷикро тамошо карданд.

9 / 12

Таҳти навои ҳунармандони Тоҷикистон ҷамъомадагон истироҳат карданд.

10 / 12

Рақсу ҳамовозии мухлисон бо сарояндаҳои дӯстдоштаашон дар ҷашнвораи футбол дар Душанбе

11 / 12

Ҳунарнамоӣ барои ҷамъомадагон то торикии шаб давом ёфт.

12 / 12

Ҷамъомадагон дар баробари тамошои ҳунарнамоии варзишгарон инчунин барномаи фарҳангии ситораҳои санъати тоҷикро тамошо карданд.

Ҷашнвораи футбол - "Football Fest" дар шаҳри Душанбе барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, фароғатӣ ва варзиширо фаро гирифт. Баргузоркунандагон онро гармтарин чорабинии варзишии фасли гармо дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Чорабинӣ садҳо мухлиси фарҳангу варзишро гирди ҳам овард. Ҷамъомадагон дар баробари тамошои ҳунарнамоии варзишгарон инчунин барномаи фарҳангии ситораҳои тоҷикро тамошо карданд.
Миёни мухлисон инчунин роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон - 2022, ки дар Қатар дар назар аст, ба бозӣ дароварда шуд.
Ҳамчунин ба барандаҳои озмунҳои алоҳида калиди мошин тақдим гардид. Маврид ба зикр аст, ки ҷавонон ин ҷо варзишгарони номӣ табодули таҷриба карданду ҳунари ҳамдигарро тамошо намуданд. Ҳамчунин макони махсуси ғизохӯрӣ дар ҷашнвора фароҳам оварда шуд.
Ҷамъомадагон ҳам аз сатҳи ташкилӣ ва ҳам аз барномаҳои ироашуда дар доираи ҷашнвора изҳори қаноатмандӣ карданд.