ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар Теҳрон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои кишварҳоро баррасӣ кардаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раҳбари давлат.
Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Эронро аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хоси сиёсати хориҷии худ қарор додааст, афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин раванд тақвияти муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду давлат дар асоси ҳусни тафоҳум ва эътимоду арҷгузорӣ ба арзишҳои муштараки таърихӣ тавсеаи ҳамкории судманди миёни кишварҳо зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти босамари “гурӯҳҳои дӯстӣ”, ҳамкориҳои фарогирро дар бахшҳои иқтисод, нақлиёт, энергетика, саноат, фарҳанг, маориф ва илму амният омили муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ кардаанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо ба афзоиши гардиши тиҷорат таъкид карда, таҳия ва татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, таъсиси Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузориро мувофиқи мақсад шумурдаанд.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки намоишгоҳҳои молҳои кишварҳо ва ҳамоиши соҳибкорон ташкил, таъсиси корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо сармояи муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон васеъ истифода шавад.
Дар доираи таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт рушди зерсохтори иртиботӣ ва пайвастани шабакаҳои нақлиёти заминӣ, беҳбуди шароити мавҷуда ва истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ҳамчун василаи муҳими тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва имкони ҳамлу нақли молу маҳсулот бар нафъи кишварҳо номида шуд.
Раҳмону Раисӣ ҳамчунин масоили амниятӣ ва Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои кибериро баррасӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар заминаҳои гуногун 16 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо кардаанд.