ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сӯхтор сар зад, хабар медиҳад котиботи раиси вилоят.
Бар хабари мабаъ, оташсӯзӣ нимашаб дар бозори марказии шаҳри Хоруғ сурат гирифт. Гуфта мешавад, сӯхтор дар ошёнаи якум сар зад, ки дар натиҷа алангаи оташ ҳудуди 20 мағозаро фаро гирифт.
Манбаъ меафзояд, феълан сабаби сар задани сӯхтор номаълум аст ва сохторҳои дахлдор дар ин самт фаъолият мебаранд.
Дар ҳамин ҳол, раиси вилоят, Алишер Мирзонабот аз бозори марказӣ дидан намуд ва ҳамзамон бо соҳибкороне, ки мағозаҳои онҳо зарар диданд, суҳбат намудааст.
Зимнан, дар робита ба ин ҳодиса, Мирзонабот дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷаласаи фаврӣ баргузор кард. Раиси вилоят ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки ҳарчи зудтар сабаб ва миқдори зарари сӯхторро муайян намоянд.
Сӯхтор дар маркази ВМКБ дар ҳолест, ки чанд ҳафтаи ахир дар ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон вазъият чандон амн нест ва дар натиҷаи як амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Рӯшон чандин нафар куштаву захмӣ гардиданд.
Феълан омори кушташудагон дар ин ҳодиса якнавохт нест, зеро ба таъкиди мақомоти амниятӣ, дар ҳодисаи ахир нӯҳ нафар кушта шуданд, ки яке аз онҳо афсари 25 - сола буд. Аммо манбаҳои ғайрирасмӣ теъдоди кушташудагонро аз ин рақам бештар арзёбӣ мекунанд.