Эмомалӣ Раҳмон "лимит"-и мошинҳо барои мансабдоронро муайян кард

Теъдоди мошинҳои хидматие, ки барои мақомдорони давлатӣ ва мақомоти худидоракунӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҷудо мегарданд, афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон лимити мошинҳои хидматӣ барои ниҳодҳои давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳалҳоро зиёда аз 2 ҳазор адад муқаррар кард.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд, барои мақомдорони давлатӣ дар шаҳру навоҳӣ ҳадди ниҳоии мошинҳои хидматӣ 2 ҳазору 90 адад муқаррар шудааст.
Таъкид шудаст, ки лимити қаблӣ, ки тибқи қарори ҳукумат аз соли 2016 муқаррар гардида буд, бекор карда шавад. Он замон лимити мошинҳои хидматии мақомдорони давлатӣ қариб 2 ҳазор ададро ташкил медод.
Маъруфтарин нақлиёт барои ҳамлу нақли бор дар Тоҷикистон маълум шуд
Ин дар ҳолест, ки қаблан аз гаронии мошинҳои хидматии мақомдорони давлатӣ ва сӯиистифодаи онҳо бо мақсадҳои шахсӣ интиқодҳо дар сатҳҳои гуногун садо медоданд. Дар пайи интиқодҳо, раисиҷумҳур барои ҷилавгирии сӯиистифодаи мошинҳои хидматӣ бо мақсадҳои шахсӣ дастури махсус содир карда, мақомоти умури дохилӣ низ аз чандин ҳолатҳои сӯиистифодаи воситаҳои нақлиёти хидматӣ гузориш дода буданд.
Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран гуфт, ба ҳолати аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 701 хизматчии давлатии шаҳрвандӣ фаъолият доранд.
Шумораи мақомдорони давлатӣ, ки дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд, ба иттилои Давлатов ба 5 ҳазору 764 нафар баробар аст. Аз ин шумора 1 ҳазору 113 нафар занонанд, ки 19,3 дарсади шумораи умумиро ташкил медиҳанд, афзуд ӯ.