ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Айни ҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 800 адвокат ба расондани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон машғул мебошанд, хабар дод раиси Иттифоқи адвокатҳои ҷумҳурӣ, Саидбек Нуритдинов.
Ӯ дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Садои мардум" гуфт, аз лаҳзаи таъсисёбии Иттифоқи адвокатҳои ҷумҳурӣ дар моҳи сентябри соли 2015 то ҳол ба 930 нафар пас аз супоридани имтиҳонот дар Вазорати адлия мақоми адвокатӣ дода шуд.
Ба гуфтаи Нуритдинов тайи ин муддат мақоми адвокатии 114 нафар бо сабабҳои гуногун қатъ гардид.
Таъкид гардидаст, ки аз шумораи умумии адвокатҳо беш аз 30 дарсади онҳо занону духтарон мебошанд.
Нуритдинов изҳор доштааст, ки Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон дар самти зиёд намудани шумораи адвокатҳо бо Вазорати адлия ҳамкорӣ карда истодааст.
Дар мавриди он, ки киҳо метавонанд ба ин мақом соҳиб шаванд, зикр гардидаст, ки шаҳрванди Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, забони давлатиро медонад, на кам аз ду сол собиқаи кор аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дорад ё коромӯзиро дар ташкилотҳои адвокатӣ гузаштааст, метавонад соҳиби мақоми адвокатӣ гардад.
Таъкид гардидаст, ки комиссияи тахассусии назди Вазорати адлия аз рӯзи гирифтани ҳуҷҷатҳо дар муддати ду моҳ аз довталаб имтиҳони тахассусӣ қабул мекунад, ки ба тариқи тестӣ аст. Пас аз бомуваффақият супоридани имтиҳони тахассусӣ адвокат дар ҷаласаи раёсати Иттифоқи адвокатҳо ба узвияти Иттифоқи адвокатҳо қабул шуда, савганди касбӣ ёд мекунад, изҳор дошт Нуритдинов.