ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар ҷануби Нигерия бар асари издиҳом ҳангоми тақсими ғизои ройгон дасти кам 31 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар миёни кушташудагон як зани ҳомиладор ва се кӯдак низ ҳастанд.
Фоҷиа дар яке аз калисоҳои насронӣ рух дод. Бар хабари PM News, ҳазорон нафар дар соати 2-и субҳ дар маҳалли муайяншуда ҷамъ омаданд, ки дар натиҷаи издиҳоми зиёд талафоти ҷонӣ сурат гирифт.
Дар байни қурбониён як зан бо кӯдаки чормоҳаи худ низ қарор дошт.
"Вақте дидам, ки шумораи бештари одамон барои гирифтани либос ва ғизои ройгон мешитобанд, ман маҷбур шудам, ки он маконро тарк кунам. Зеро мардумро ягон кас назорат намекард", - нақл намудааст як шоҳиди ҳодиса.
Ба гуфтаи ӯ, кормандони пулис ҷасади мардумро аз ҷойи ҳодиса берун меоварданд ва ҳамчунин ҷароҳатбардоштагонро ба табибон месупориданд.
Ин иқдом ба хотири дастгирии одамони нодор ташкил шуд, то онҳоро бо либосу ғизо таъмин кунанд. Вале ба далели ҷамъ омадани теъдоди зиёди мардум ин иқдом ба мотам табдил ёфт.
Дертар, аъзоёни ҷомеа, аз ҷумла як мушовири ҳуқуқии калисо ва созмондиҳандаи барнома, аз ҷониби полиси Нигерия боздошт шуданд.