Ҷопон Зеленскийро дар оғози амалиёти вижаи Русия гунаҳкор кард

Сарвазири собиқи Ҷопон гуфтааст, ки мавқеи Зеленский дар мавриди НАТО ва Донбасс боиси амалиёти низомӣ дар Украина шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Мавқеи раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар мавриди узвият дар НАТО ва даст кашидан аз ҳалли низоъ дар Донбасс боиси оғози амалиёти вижаи Русия дар ҷумҳурии шӯравии собиқ шуд, гуфтааст сарвазири пешини Ҷопон Синдзо Абэ.
"Ин амалиёти вижа сурат намегирифт, агар президенти Украина Владимир Зеленский ваъда медод, ки кишвараш ба НАТО намепайвандад ва ҳамчунин ба ду анклави шарқӣ дараҷаи баланди мухторият медод", - афзудааст собиқ сарвазир.
Абэ ҳамчунин илова намуд, ки тағйир додани мавқеи президенти Украина албатта хеле мушкил аст, "вале кишвардори Амрико, Ҷо Байден метавонист ба ӯ таъсир расонд".
Қаблан, хабар дода шуда буд, ки зимистони оянда метавонад аз соли 2012 ба ин сӯ аз ҷиҳати таъмини минтақаи пойтахти Ҷопон бо нерӯи барқ ​​мушкилтарин бошад. Ба ин далел болоравии қимати газ ва нигарониҳои афзоянда аз суботи интиқоли нерӯи барқ ​​унвон мешавад.
Ҷопон ба пардохти эҳтимолии гази Русия бо рубл вокуниш нишон дод
Дар робита ба ин, ҳафтаи оянда бори нахуст дар панҷ соли ахир ҳукумати Ҷопон ҷаласаеро бахшида ба "баррасии талабот ва пешниҳод ба нерӯи барқ" баргузор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия ба далели амалиёти вижа дар украина таҳримот ҷорӣ карданд. Маҳдудиятҳои нав асосан ба бахши бонкӣ, технологияҳои баланд ва энергетика таъсир расониданд.
Токио дар посух ба амалиёти вижа алайҳи Маскав чанд бастаи таҳримот ҷорӣ кард: Русияро аз режими мусоиди тиҷорӣ хориҷ кард ва аз 18 март содироти 275 молро мамнӯъ кард.
Илова бар ин алайҳи 398 нафар ва 28 созмон аз Русия таҳрим ҷорӣ карда, аз 12 май баста шудани дороиҳои Сбербанк ва Алфа-бонкро тасдиқ кард.
Моҳи март ҷониби Русия дар навбати худ аз музокироти сулҳ даст кашид, қатъи сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Ҷопон ба Курилҳои ҷанубӣ ва хориҷ шудани худро аз муколама дар бораи ташкили фаъолияти муштараки иқтисодӣ дар ҷазираҳо эълон кард.