Сафари Раҳмон ба Эрон: киҳоро бо худ бурд

Роҳбари давлатро дар ин сафар дар баробари вазирону дигар мақомдорон ҳамчунин раиси вилояти Хатлон низ ҳамроҳӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат барои анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Русмати Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Манбаъ афзуда, президентро дар ин сафар Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, прокурори генералӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, молия ҳамроҳӣ карданд.
Раҳмон ба Эрон меравад? Раисӣ маротибаи саввум президенти Тоҷикистонро даъват кард
Ҳамчунин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, раисони кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ сафар намуданд.
Гуфта мешавад, дар ин сафар раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода низ роҳбари давлатро ҳамроҳӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки кишвардори Эрон, Саидиброҳим Раисӣ се маротиба ҳамтои тоҷики худ, Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷом додани сафари расмӣ ба меҳмонӣ даъват кард.