Баҳои стратеги тоҷик ба 10 моҳи ҳукуматдории толибҳо

Даҳ моҳи ҳукуматдории толибҳо дар Афғонистон ва фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави ин кишвар вазъиятро шиддат бахшидаанд, мегӯяд мақомдори тоҷик
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Тоҷикистон наметавонад дар мавриди ҳаводиси Афғонистон бетафовут бошад, чун дар баробари марзи тӯлонӣ бештари аҳолии ин кишвар тоҷикон мебошад.
Ин нуктаро Хайриддин Усмонзода, мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон зимни як ҳамоиш дар масъалаи Афғонистон баён дошт.
Ӯ гуфт, бо гузашти беш аз даҳ моҳи ҳукумати толибҳо дар Афғонистон фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ, шиддатгирии сатҳи фақр ва авҷи буҳрони иқтисодӣ дар кишвар, баста шудани дари муассисаҳои таълимии духтарона, торафт мушкил шудани шароити иҷтимоии мардум вазъ дар ин кишварро боз ҳам печидатар намудааст.
Ҳамчунин зикр шудааст, ки дар пасманзари ҳаводиси Украина таваҷҷуҳу мавқеъгирии созмонҳо ва кишварҳои ҷаҳон низ дар мавариди Афғонистон камрангтар шудааст.
Таҳдиди асосӣ ба Осиёи Марказӣ аз Афғонистон гуфта шуд
Ба гуфтаи Усмонзода, дар натиҷаи идома ёфтани бесуботии сиёсиву амниятӣ дар Афғонистон гурӯҳҳои дигари террористӣ фаъол шудаанд. Раиси МТС назди раисиҷумҳур изҳор дошт, ки ин вазъ ба толибҳо имкон намедиҳад, ки мақом ва ҷойгоҳи ҳукуматашонро устувор намоянд.
Вай афзудааст ,ки Тоҷикистон дар мавриди барқарории ҳамкории сиёсӣ бо Афғонистон дар мавқеи худ устувор аст, аксари кишварҳои дунё аз чунин мавқеъ баромад мекунанд. Дар феҳрасти интизориҳои асосии Тоҷикистону ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла ташкили ҳукумати фарогир, эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи сокинони Афғонистон қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама қавму миллатҳо, фароҳам кардани озодиҳои занон ва таълими онон дар зумраи шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ назди ин гурӯҳ аст, ки то кунун иҷро нашудаанд.