ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Сарҳади вилояти Херсон бо минтақаҳои Украина, ки таҳти назорати режими Киев қарор дорад, ба хотири амният баста шудааст.
Дар ин бора Кирилл Стремоусов, муовини раиси маъмурияти низомиву шаҳрвандии ин вилоят ба РИА Новости гуфтааст.
Ба гуфтаи Стремоусов, ҳоло сарҳад ба далели амният баста аст ва убури марз аз вилоятҳои Николаев ва Днепропетровск бо назардошти тирборони мунтазами ҷангҷӯёни украинӣ хеле хатарнок мебошад.
"Пас аз ҳамлаҳои ахири онҳо, ғайринизомиён, ки дар минтақаи буферӣ қарор доштанд, кушта шуданд. Аз ин рӯ, мо бо ҳар баҳона ба Украина сафар карданро умуман тавсия намедиҳем", - таъкид кард мавсуф.
Номбурда гуфт, изҳороти зиёде дастрас мекунанд, ки мардон нопадид мешаванд ва билфосила ба артиш бурдаву ҳамчун туъмаи тупхона истифода мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло имкон аст, ки аз ин минтақа ба Қрим ва ё қисмати озодшудаи вилояти Запороже ва аз онҷо ба ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс сафар кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни амалиёти вижа низомиёни Русия вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запорожеро таҳти назорат гирифтанд.
Дар минтақаҳо маъмуриятҳои низомии шаҳрвандӣ ба кор шурӯъ карданд, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои Русия ба пахши барномаҳо шурӯъ карданд ва робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.